Раҳимзода мегӯяд, бархилофи вазифаи пешинааш, ки райисии Бонки миллиро ба ӯҳда дошт, мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо тақозо намекунад, ки баъзе рақамҳоро пинҳон кунем:«Ин ҷо ҳама аён аст ва чизеро паноҳ карда намешавад. Ман ҳамчун собиқ муаллим мехоҳам ва кӯшиш мекунам, ки доим бо аудитория бошам».
Дар мавриди иқтисодиёти Тоҷикистон вазири нави рушди иқтисод изҳор дошт, ки солҳои охир таррақӣ карда истодааст ва аз рӯи инсоф нест, агар онро нодида гирем. Раҳимзода соли нисбатан беҳтарро барои иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2008 –ум номид, ки рушди воқеӣ ба 7,9 фоиз баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондод ба 7,4 фоиз баробар шудааст.
Ҷиҳати исботи беҳбуди вазъи иқтисодии мардум Шариф Раҳимзода мисол овард, ки агар тайи солҳои 2000 –ум – 2011 сатҳи таваррум 3,1 маротиба, яъне нархҳо 3,1 маротиба афзоиш ёфтаанд, даромадҳои пулии мардум 15,7 маротиба зиёд шудаанд.
Дар маҷмӯъ, Раҳимзода, таъкид мекунад, ки сарфи назар аз равандҳои манфӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисоди Тоҷикистон роҳи рушди худро ёфтааст ва раванди рушд солҳои минбаъда ҳам нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |