Дар пайи таҳримҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати Эрон татбиқ дорад, сармоягузории Эрон ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, фаъолияти ширкатҳои ватание, ки бо Эрон ҳамкорӣ доранд, мушкилтар хоҳад шуд.
Шариф Раҳимзода, вазири тозатаъини рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин бора имрӯз дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.Ба гуфтаи Раҳимзода, дар ҳоли ҳозир роҳҳои вуруди сармоя аз Эрон ба Тоҷикистон маҳкам шудаанд: «Бонкҳои эронии дар кишвар фаъолиятдошта наметавонанд, маблағро ба Тоҷикистон ворид созанд. Интиқоли маблағҳо, аз ҷумла доллар тавассути ИМА ва интиқоли евро тавассути Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад, ки роҳ надода истодаанд».
Ҳамзамон, вазири тоҷик изҳори умед кард, ки ягдигарнофаҳмиҳои ғарб бо Эрон ба авҷи аълояшон нахоҳанд расид: «Инро касе намехоҳад. Ба ин на ҷониби Эрон ва на мамлакатҳои Араб манфиатдор нестанд».
Ин дар ҳолест, ки Эрон тайи солҳои охир ба қатори панҷгонаи калонтарин сармоягузорони Тоҷикистон дохил шуда, интизор мерафт, тайи 5 соли минбаъда ҳудуди 1 миллиард евро ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ кунад.
Ба иттилои масъулини вазорати рушди иқтисод, сармоягузории танҳо бахши хусусии Эрон тайи 9 моҳи гузашта ба иқтисодиёти Тоҷикистон наздики 15 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.
Мӯҳр