Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маорифро аз сабаби беназоратӣ ба муасиссаҳои зертобеи вазорат аз симмати ишғолкардааш сабукдӯш намудаанд.
Фаттоҳ Сайидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни изҳори ин андеша гуфт, камбудиҳо дар ин самт ошкор шуданд ва бо пешниҳоди мо он кас аз вазифа озод гардид: “Хусусан камбудию норасогиҳои ҷиддӣ дар корхонаю муассисаҳое, ки ба воситаи суратҳисобҳои транзитӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд, мушоҳида карда мешаванд. Аз ҷумла, тафтиш дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ муайян намуд, ки аз тарафи директори парваришгоҳ Ибронов М ва сармуҳосиб Бедалов И бо роҳи ба даромад нагирифтани пули нақд дар ҳисоботҳои хазинавӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва сохтакорӣ дар варақаҳои пардохти музди меҳнат 380 ҳазор сомонӣ азонихуд карда шудааст”.
Бино ба гуфти ҷаноби Сайидов дар соли гузашта аз ҷониби кормандони сохторҳои Вазорати маориф 85 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, номбурда оид ба сифати фаъолияти суд ва прокуратураҳои дахл карда гуфт: «Ҳар вақте, ки рӯзҳои шанбе мардумро қабул мекунам, зиёда аз 70 фоизи мардум аз рӯи судҳо шикоят мекунанд. Афсӯс, ки дар ин самт қонунгузорӣ ба мо ягон салоҳият надодааст. Мардум аз назди мо ноумед нараванд,- гуфта, ман бо имзои худам аризаи онҳоро ба суду прокуратура равон мекунам».
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи тандурустӣ -66, кишоварзӣ -62, энергетика ва саноат -41, меҳнат ва ҳифзи иҷ-тимоии аҳолӣ 22, нақлиёт ва коммуникатсия -21, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ -36 ҷиноят ва сохторҳои бонкӣ -88-то ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр