Гирдиҳамоиро Маркази байналхалқии диаспораҳо ташкил намуда, иштирокчиён алайҳи қабули қонуни охири Фаронса дар бораи шинохта шудани “геонотсиди арманиҳо” изҳори норозигӣ карданд. Тазоҳургарон зери шиори “Дурӯғи 107 сола ва ҳақиқати 20 сола. Мо хомӯшем, ба ҷойи мо далелҳо мегӯянд!” ба майдон омаданд.
Тавре хабаргузориҳо менависанд, ба ин ҳамойиш намояндагони Шӯрои меҳтарони ҷанги Озорбойҷон ва ҷамъияти ҷавонони “Дӯстии Озорбойҷон ва Туркия” , Ассотсиатсияи мубориза ба даъвои беасоси “геносиди арманиҳо” низ ҳамроҳ шудаанд.
Дар ҳамойиши эътирозӣ беш аз 50 нафар ширкат намуда, шиорҳои “Фаронсо исто!”, “Саркозии шарманда”, Озорбойҷону Туркиё як буданд ва як мемонанд”, “Фаронса аз худ нарав, тоқати мо охир дорад!”- ро бонг заданд.
Ҳамчунин, унвони сафири Фаронса дар ин кишвар муроҷиатномаи эътирозгарон ирсол карда шуд. Дар ҳамин ҳол, вакили Маҷлиси миллии Озорбойҷон Соҳиб Алиев гуфтааст, Озорбойҷон аз мавқеи ҷиддии эътироз ба ҳамрайисии Фаронса дар гурӯҳи Минскии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ (ОБСЕ) баромад хоҳад кард.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |