Масоили марбут ба ҳамкорӣ, табодули таҷрибаҳои касбӣ ва мафкуравӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад.
Тавре ба мо Фирӯза Газиева, ёвари барномаҳои Open World JFDP дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ин тасмим аз сӯи барномаи «Ҷаҳони боз» гирифта шудааст ва рӯзи 26-уми май дар толори меҳмонхонаи «Тахти Шоҳӣ» воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ нишасти вижа баргузор мешавад. Гуфтанист, барномаи мазкур аз тарафи китобхонаи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад. Зимнан, ин созмон муштаракан бо шӯроҳои амрикоӣ барои онҳое, ки аз сафари Амрико баргаштаанд ва журналистони ватанӣ брифинги матбуотӣ доир месозад.Дар нишаст мутахассисони бахши барномаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Экотуризм» ва «Гуногунсозӣ дар кишоварзӣ» ширкат меварзанд.
Маврид ба ёдоварист, ҳадафи аслии барномаи «Ҷаҳони боз» таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Амрико барои фароҳамсозии имкониятҳои сиёсӣ ва иҷтимоист.
Мӯҳр