Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки дар мўҳлати ду ҳафта мудирони шўбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд, бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.
Дар ин бора мири пойтахт зимни як ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дирӯз дар Душанбе сурат пазируфт иброз дошт.
Ҳамзамон, дар назди фаъолони пойтахт дар ҷаласа сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар шаҳр ва тадбирҳои роҳандозигардида баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ гузориш дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки РКД-и шаҳри Душанбе ҳолати риояи регламенти шаҳри Душанберо, ки баҳри субот ва оромии сокинон то соати 23-00 (ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим) муқаррар гаштааст, аз ҷониби тамоми субъектҳои хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад ва аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ нисбати ҷараёни ин амалкард пайваста мониторинг бурда шавад.
Тафсилоти бештар бо фишурдани ин линк дастрас мешавад:
https://ozodagon.tj/g/item/16139
Мӯҳр