Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, изҳороти бархе аз коршиносонро, ки роҳ додани «Газпромнефт»- ро ба Тоҷикистон омили осебпазирии сиёсию иқтисодии кишвар ва хатои стратегӣ арзёбӣ мекунанд, аблаҳӣ номид.
Тағоймуродов мегӯяд далелеро, ки Русия «Газпромнефт» - ро дар Тоҷикистон бо мақсадҳои сиёсиаш истифода кардаст, дар даст надорем. Ба гуфтаи Тағоймуродов сарфи назар аз он, ки Газпромнефт шояд ба мақсадҳои сиёсии Русия истифода шавад, дар шароити мавҷудаи Тоҷикистон ин ягона имкони муътадил нигоҳ доштани иқтисодиёти Тоҷикистон аст.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ «Газпромнефт» - ро ягона ширкате номид, ки каму беш бемонеаъ ба воситаи ҳудуди Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба қадри даркорӣ сӯзишворӣ ворид карда истодааст. Вай Русияро ягона кишвари қодир арзёбӣ кард, ки ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳаҷми даркорӣ сӯзишворӣ пешниҳод карда метавонад.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 207,5 ҳазор тонна бензин ворид шудаст, ки дар муқоиса бо талаботи кишвар 150 ҳазор тонна ва нишондоди соли пеш 100 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон соли гузашта 146,3 ҳазор тоннаро ташкил додаст.
Мӯҳр