Ҳамшираи шафқати Маркази милли тиббӣ Маҳбуба Умароваи 39- сола, муштарии хушбахти ширкати «Вавилон- мобайл» гардид.
Ба ин хотир, рӯзи 21-уми январ дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони ВАО Беҳзод Файзуллоев, сарвари кулли ҶСП «Вавилон-Мобайл» ғолибро табрик намуд ва ба ў калиди автомобили «HYUDAI», ҳамчунин сертификат барои 2.500. 000 сонияҳои ройгонро эъто кард.
Тавре худи Маҳбуба Умарова ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, санаи 27 декабри соли 2011 ба шабакаи «Вавилон-мобайл» пайваст гардидааст ва ҳатто соҳиби мошин шудан дар гӯшаи хайёлаш ҳам набуд: «Пас аз пайваст шудан ба ман аз ширкати мазкур занг заданд, Марҳабо-бону маро табрик намуданд ва ба ширкат даъват карданд, омадам як тақвим доданд, рӯзи дигар боз аз ширкати «Вавилон Мобайл» занг заданд даъват карданд, ман фикр кардам, ки як каледар медиҳанд гуфтам, ки намеравам, онҳо гуфтанд, ки туҳфаи мо махфӣ мебошад, омада тӯҳфаатонро гиред. Имрӯз ман омадам ба ман автомашина тӯҳфа карданд, хело хурсандам, ки соҳиби мошини шахсӣ шудам».
Мӯҳр