Қисмате аз маблағҳои саҳмияҳои фурӯхташудаи НБО-и «Роғун», ки дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон гузошта шудаанд, ба ҳолати 1 –уми январи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 25 миллион сомонӣ фоида овардаанд.
Дар ин бора ба хабарнигорон Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ба куҷо равона шудани ин дивидендҳоро худи саҳҳомони «Роғун» дар маҷлиси умумӣ ҳал хоҳанд кард.
Дар мавриди бозгардондани ин маблағҳо аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, Наҷмиддинов афзуд, ки ба фаъолияти молиявии бонкҳо гирифтани ин маблағҳо таъсири назаррас нахоҳад дошт. Вай мегӯяд вобаста ба ҳаҷми эҳтиёҷот дар майдони сохтмони Роғун маблағҳо аз бонкҳо бозпас гирифта хоҳанд шуд ва аллакай қисмате аз бонкҳо оиди ҳаҷм ва мӯҳлати гирифтани маблағҳо огоҳ шудаанд.
Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои НБО «Роғун» дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Наҷмиддинов таъкид мекунад, ки айни ҳол дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ ҷараён гирифта истодаанд.
Мӯҳр