Шаҳрдории Маскав барои баргузории ҳамойиши эътирози мухолифини ҳукумати Русия иҷозат надодааст.
Александр Горбенко, муовини шаҳрдори Маскав гуфтааст, хатсайри роҳпаймоӣ ва баъдан майдоншинии эътирозии аз сӯи мухолифон пешниҳодшуда барои мардум аз хатар эмин нест: «Ба шаҳрдорӣ аз ҷанобон Пархоменко, Биков, бону Удалтсова ва дигарон ариза ворид шуд, ки онро баррасӣ карда ба хулоса омадем, ки хатсайри пешниҳодшуда метавонад барои мардум хатарҳое дошта бошад. Мо бо намояндагони тазоҳургарон вохӯрдем ва ба фикрам онҳо низ ба эътирозҳои мо розӣ шуданд ва умедворем хатсайрро таҳрир хоҳанд кард».
Бино ба аризаи мухолифон роҳпаймоӣ ва тазоҳуроти эътирозии “Барои интихоботи одилона” -и Маскав мебояд рӯзи 4 феврал соати 14.00 аз майдони Калужский шурӯъ шуда, тазоҳургарон аз тариқи Ҳалкаи Садовое ҳаракат карда, Арбати нав, кӯчаи Мохова, то майдони Манеж қадам бояд мезаданд ва дар он ҷо аз соати 17 то 19.00 ҳамойиши эътирозӣ доир хоҳад гашт.Интизор меравад, ки дар ин тазоҳурот 50 ҳазор нафр ширкат варзанд. Мухолифон ҳатто гуфтаанд дар сурати аз теъдоди муайяншуда бештар омадани мардум омодаанд ҷароими маъмуриро пардохт намоянд.
Шаҳрдорӣ ҳатто пешниҳод кардааст, ки бо назардошти ширкати теъдоди аъзами мардум тазоҳурот ба рӯзи 5 феврал ва ё ба минтақаи аз марказ берунтар гузаронида шавад..
Дар ҳамин ҳод Сергей Давидис, фаъоли ҳаракати «Солидарност», изҳор кардааст, ки баргузорӣ дар рӯзи 4 феврал як навъ санаи рамзист ва гузашта аз ин барои нафароне, ки тасмими ширкат дар ин ҳамойишро гирифтаанд, ба рӯзи 5 феврал гузаронидани санаи тазоҳурот мувофиқ нест.
Муассисони тазоҳурот дар навати худ барои тасдиқи хатсайри аз сӯяшон пешниҳодшуда талош дорад, чун ин хатсайр ба хатсайри санаи 4 феврали соли 1990 мувофиқат мекардааст, ки барои Русия тағйирот дар Сарқонун ва истиқлолият оварда буд.
Мӯҳр