Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон, ки аллакай нишонаҳои аввалинаш ҳувайдо шуда истодаанд, моро водор мекунанд, ки дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла имтиёзбандии истеҳсолоти дохилиро бештар намоем.
Ин нуктаро Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо хабарнигорон яке аз пайомадҳои мусбати бӯҳрон арзёбӣ кард.
Дар мавриди пайомадҳои манфии бӯҳрон Наҷмиддинов афзуд, ки давлати Тоҷикистон дар доираи имкониятҳояш кӯшиш мекунад, ки таъсирашро ба иқтисодиёти кишвар камтар намояд. Вай бахшҳои нисбатан осебпазири иқтисодиёти Тоҷикистонро аз бӯҳрони ҷаҳонӣ бозори сӯзишворӣ, маводи озуқа, газ ва ғайра номид, ки аксаран аз хориҷа ворид мешавад.
Ҳамзамон, Наҷмиддинов гуфт, дар соли 2012 барои захира кардани ин ва дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби давлат 80 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин ҷиҳати кам кардани таъсири бӯҳрон Наҷмиддинов мегӯяд дар буҷети соли ҷорӣ касри буҷет нисбат ба соли гузашта 50 фоиз камтар, дар ҳаҷми 0,5 фоизи ММД пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр