Нархи як литр бензини навъи АИ – 92 дар шаҳри Душанбе 6,7 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нархҳои моҳи гузашта 4 фоиз арзонтар аст.
Ҳамдам Тағоймуродов, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» сабаби арзоншавии нархи сӯзишвориро дар коҳиши хароҷоти ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» зимни интиқоли сӯзишворӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Тағоймуродов қаблан «Газпромнефт – Тоҷикистон» аз сабаби барои корҳои таъмиру тармим маҳкам будани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Омск, сӯзишвориро аз шаҳри Уфаи Бошқирдистон ворид мекард, ки нисбат ба Омск аз Тоҷикистон наздики ду маротиба дуртар аст.
Айни ҳол ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмирӣ ба охир расиданд ва ширкати «Газпромнефт» боз аз Омск сӯзишворӣ оварда истодааст. Бо вуҷуди нисбатан арзон шудани бензин, нархи он дар муқоиса бо нишондоди моҳи январи соли гузашта 54 фоиз қимматтар аст.
Мӯҳр