Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик яке аз биноҳои Маркази умумирусияги намойиш (Всероссийский виставочний сентр), машҳур ба ВДНХ (собиқ Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагиҳои халқи СССР)-ро мехарад.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон изҳор кардааст. Қарордоди пешакӣ барои хариди ин павилён дар ҷаласаи ахири Шӯрои байнидавлатӣ оид ба фаъолияти ярмаркавиву намойишии ИДМ баррасӣ гардида буд. Ба Тоҷикистон якчанд павилён барои харидорӣ пешниҳод гардида буд ва аммо феълан маълум нест, ки ҷумҳурии мо кадоме аз онҳоро ва ба чӣ қадар маблағ харидорӣ хоҳад кард.
Бино ба қавли масъулин, Тоҷикистон тасмим доштааст, то дар ин павилён намунаҳои маҳсулоти саноатӣ ва маълумоти бештар оиди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҳамчунин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи намунаҳои маҳсуоти ҳунарҳои мардумиро ҷойгир намояд.
То имрӯз бо пешниҳоди Русия бо қимати 1 рубли рамзӣ павилёнҳои ВДНХ-и собиқро, ки дар даврони шӯравӣ барои ҳар як ҷумҳурӣ сохта шуда буд, Белорус, Қирғизистон, Укроин, Абхазия, Молдова, Арманистон соҳиб шудаанд.
Мӯҳр