Боздиди кории муовини котиби Шӯрои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба амният Алӣ Боғирӣ аз Маскав ба анҷом расид.
Зимни ин боздид дидору гуфтугӯи Боғирӣ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, намояндагони сохторҳои низомию амниятӣ ва дигар ашхоси расмии кишвари Русия, ки аз мавқеи мухолифи таҳримот ва таҳдидот болои Эрон баромад мекунад, доир гашт. Дар ин дидорҳо масоили дуҷонибаи ҳамкориҳо, вазъи ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, баҳси ҳастаии Эрон ва аз сар гирифтани гуфтушунид Эрон бо кишварҳои “шашгона” баррасӣ гардиданд.
Акнун Алӣ Боғирӣ аз Маскав барои даст ёфтани пуштибонӣ аз сӯи Чин дар масоили ҳастаии Эрон ва рушди ҳамкориҳои мутақобила ба Пекин сафар кард
Мӯҳр