Дар шимоли кишвар донишҷӯи яке аз макотиби олӣ бо маводи нашъаовар боздошт шудааст.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар назди яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Энгелси шаҳри Чкаловск автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс таҳти идораи сокини шаҳри Хуҷанд, донишҷӯи бахши 4-уми яке аз макотиби олии Суғд М.М. боздошта шуд.
Манбаъ афзуд, аснои кофтукоби сабукрав аз богоҷи он як адад халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили он 5 бастаи селофанпеч бо маводи растаниҳои фишурдашудаи ҷигаррранги бӯи ғализдошта дарёфт ва мусодира карда шудааст. Маводи забтшуда навъи ҳашиш буда, вазни он 3 кг 782 грамро ташкил медиҳад.
Мӯҳр