12 моҳи соли 2011 дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар вилояти Суғд 42 ҷиноят ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 13 адад зиёд мебошад.
Аз миёни 52 нафар, ки дар содир кардани ин ҷиноятҳо гумонбар мешаванд, 5 нафар зан ва 2 ноболиғ будааст.
Ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб дар вилоят як қатор чорабиниҳои фаврӣ–ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа фаъолияти 5 гурӯҳ дар ҳайати 18 нафар қатъ гардидааст. Хамзамон дар соли 2011 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят 278 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор ва аз гардиши ғайриқонунӣ 575 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла 200 кило ҳероин, 7 кг афюн, 402 кг каннабис мусодира шудааст.
Дар ин бора «Озодагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Мӯҳр