Имрӯз дар Душанбе маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ба истифода дода шуд.
Ин муассисаи тиббӣ дар асоси қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз якуми июли соли 2010 таҳти рақами 344 дар доираи маблағҳои тасдиқшудаи буҷети соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудааст. Бино ба қавли Абдулло Файзуллоев, омӯзгори кафедраи ҷарроҳии умумӣ дар ин марказ 20 кат барои ҷарроҳӣ ва 6 кат барои наҷот додани беморон то ҷарроҳӣ ва баъд аз рӯзҳои аввали ҷарроҳӣ мавҷуд аст. Тибқи нақша дар оянда ҷарроҳӣ ва пайвандсозии гурдаи хешу таборӣ низ дар назар аст. Арзиши ин навъи ҷарроҳӣ 49 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки вобаста аз вазъи иҷтимоии бемор барои онҳо арзиши хизматрасонии тиббиро аз 5% то 20% кам кунад.
Мӯҳр