Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нисбати 318 нафар роҳбарони масъули бахш ҷарима таъин карда шуд.
Бино ба иттилои вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳаҷми ҷаримаи таъиншуда нисбати ин гурӯҳ беш аз 254 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масъулини ин вазоратхона мегӯянд, дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 6 ҳазору 835 қонунвайронкуниҳо ошкор гардидааст.
Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки ин миқдор қонуқвайронкуниҳо 5 ҳазору 891 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 431 ҳолат вобаста ба шуғл ва 513 ҳолат ҷиҳати масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ рабт доранд. Дар маҷмӯъ 1 ҳазору 286 корхонаву муассисаи давлатӣ ва 704 корхонаю ташкилоти хусусӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ аз санҷишу назорат гузаронида шудаанд, афзуд манбаъ.
Мӯҳр