Барои зимистонгузаронӣ дар соҳаи маориф аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 1 милёну 646 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.
Тибқи иттилои расмӣ ин рақам 97,6 фойизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Изатуллоҳ Давлатов, сардори раёсати молияи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, қисмати зиёди маблағгузорӣ дар ин самт аз ҳисоби даромади буҷаи маҳал, ё худ бақияи озод мебошад: «Аммо аз ҳисоби буҷаи марказӣ барои зимистонгузаронӣ маблағи ночизе ҷудо мегардад».
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Давлатов, дар ҳамаи ноҳияҳо маблағгузорӣ ва хариди сӯзишвориро дар соҳаи маориф пурра роҳандозӣ карда, аз ӯҳдаи нақшаи пешбинишуда баромадаанд.Номбурда афзуд, танҳо ноҳияи Восеъ, ки нақшаи андозро ҳамагӣ ба миқдори 100,9 фисад иҷро кардаву маблағи даромади камтар доштааст, нақшаи маблағгузорӣ барои зимистонгузарониро низ истифода карда натавонист.
Гуфта мешавад, ҳиссаи асосии маблағгузорӣ барои зимистонгузаронӣ ба ӯҳдаи буҷаи маҳаллӣ ҳаст ва он ҳам аз ҳисоби бақияи озоди бадастомада, аз ҳисоби иҷрои андоз вобастагӣ дорад. Ва агар кадом ноҳияе нақшаи ҷамъоварии андозро ба анҷом нарасонаду даромад ба буҷа оварда натавонад, муҳассилини макотибу тарбиягирандагони боғчаҳо дар сармои хунук чӣ кор мекарда бошанд?
Мӯҳр