Юсуф Абдусаломов, паҳлавони маъруфи Тоҷикистон дар Муғулистон барандаи сабқати байналмилалӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод шуд.
Тибқи иттилоъ, дар мусобиқаи “Mongolia open-2012” дар шаҳри Улан-Батор паҳлавонон аз ИМА, Куба, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон ва Ҷопон ширкат доштанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Кумитаи олимпии кишвар иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин намояндагӣ мекард. Бино ба қавли манбаъ, Юсуф дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ баромад: «Абдусаломов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Осогбаатари муғул ғолиб омад ва мақоми аввалро касб кард.Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби мизбон - Муғулистон бо 8 медали тилло, 9 нишони нуқра ва 16 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Русия мақоми дувум ва тими Ҷопон мақоми севумро соҳиб шуданд.
Мӯҳр