Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар он аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хонандагони синфҳои 10-11 иштирок намуданд.
Бино ба иттилоъ, дар олимпиадаи вилоятӣ 696 нафар толибилмони лаёқатманд ширкат варзида, хонандагони синфи 11 аз рӯи 18 фанҳои таълимӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.Дар натиҷа 50 нафар ба ҷойи якум, 38 нафар ба ҷойи дуюм, 37 нафар ба ҷойи сеюм сазовор гардида, ба давраи ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтаанд.
Ҳамчунин, 69 нафар хонандагони синфҳои 10-11 барои иштироки фаъолона соҳиби ифтихорнома гардиданд.Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи имсола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ҷ.Расулов ва мактаби президентии шаҳри Чкалов бештар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |