Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ мегӯяд, замине, ки ба хитоиҳо дода мешавад, қитъаҳое мебошанд, ки аз гардиши кишоварзӣ дур мондаанду ботлоқзоранд.
Бино ба маълумоти масъулини вазорати кишоварзӣ, аллакай 50 гектар замин аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 415 гектар аз қаламрави Ҷалолуддин Румӣ ба ихтиёри чиниҳо гузошта шудааст ва дар мавриди 200 гектари дигар аз ноҳияи Ёвон гуфтушунид идома дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 21 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ дур мондааст, ки ин омил сабабҳои мухталиф дорад. Муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, ботлоқшавӣ, аз кор мондани шабакаҳои обтаъминкунӣ сабаби аз гардиши кишоварзӣ дур мондани заминҳо мебошад. Ҷои пӯшидааш нест, ки корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ низ дар ин ҷо ба назар мерасад.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |