Дар доираи баргузории ҳашару ободкориҳо он биноҳое, ки дар шафати биноҳои баландошёна ба таври ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ба дигар маҳаллаҳо кӯчонида шуда, қитъаҳои замине, ки аз ҷониби сокинон худсарона азхуд карда шудаанд, ба тавозуни шаҳр дароварда мешаванд.
Тавре Шавкат Саидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар шанбегиҳо тамоми кормандони идораю корхонаҳо ва сокинони пойтахт иштирок намуда, дар тозагию ободонӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунии маҳалли зист ва кӯчаю хиёбонҳо саҳм мегузоранд.
Маврид ба ёдоварист, соли равон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарварони кишварҳои форсизабон ва дигар давлатҳое, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, баргузор мешавад.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |