Абдувалӣ Комилов, директори агентии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ин бора зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе иброз дошт.
Бино ба гуфти ӯ, аз ин миқдор 2 миллиард сомонияш маблағҳои давлатӣ, боқимондааш аз ҳисоби сармоягузориҳои ширкатҳои хориҷӣ мебошанд. Абдувалӣ Комилов далели ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳоро аз ҷониби ширкату ашхоси алоҳида тасдиқ намуда гуфт, «Маълумоти маблағҳои гумшуда аз ҷониби кӣ ва кадом ширкат вуҷуд доранд, ки инро баъдан пешкаш менамоям».
-Барои муайян кардани қонуншиканӣ зимни сохтмони иншоотҳо санҷиш гузаронидаанд, ки дар пайи он масъулин дар ҳаҷми 144 ҳазору 439 сомонӣ ҷарима баста шуданд,-афзуд Комилов.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |