Корхонаи арзизи точик мавсум ба «ТалКо» омори ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди қарзҳои "Талко"-ро беасос донист. Бойиси ёдоварист, ширкати масъулини "Барқи тоҷик" қаблан ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфта буданд, ки "ТалКо" дар соли 2011 ба таври доимӣ қарзҳои худро пардохта, ҳамчунон 34,7 дарсади қарзи солҳои гузаштаи худро низ адо намудааст.
Ҳарчанд ширкати "Талко" пардохти саривақтии маблағи барқро аз тарафи ин ширкат таъйид мекунад, вале мегӯяд, ки ин ширкат аз "Барқи тоҷик" дигар қарздор нест.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии "ТалКо" иттилоъ доданд, қарзи ин ширкат аз "Барқи тоҷик" 526,2 миллион сомониро ташкил медод ва то якуми январи соли 2012, ин корхона на танҳо ҳамаи қарзҳои худро адо намуд, балки ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҳам пардохт намудааст, ки дар ин сурат ширкати "Барқи тоҷик" аз корхонаи алюминӣ қарздор мебошад.
Мӯҳр