Дар соли 2011 ба мақомоти раёсату шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд 30548 нафар муроҷиат намуданд, ки дар қиёс ба соли 2010 6731 нафар зиёд мебошад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилоят аз ҷумлаи муроҷиаткунандаҳо 15001 зан, 7596 ҷавонони сини то 29, 1264 нафари аз сафи нерӯҳои мусаллаҳ рухсатшуда ва 227 шахси аз маҳбас раҳогардида будаанд.
Теъдоди бекорони ба қайдгирифташуда дар соли 2011 ба 12654 нафар мерасад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 1936 нафар камтар будааст.
Соли сипаригашта 254 муассиса, корхонаву ташкилот новобаста аз шакли моликият ба мақомоти Агентӣ 2881 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд.
Мӯҳр