Варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойи аввалро соҳиб мегарданду парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, дар шаҳри Душанбе соҳиби хонаи ду ҳуҷрагӣ мешаванд.
Тавре Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиш ва сайёҳии раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аз ин ба баъд варзишгарони шаҳри Душанбе, ки дар бозиҳои олимпӣ сазовори ҷойи якум мегарданд, унвони шаҳрванди ифтихории Душанберо соҳиб шуда, хонаи ду ҳуҷрагӣ тӯҳфа мегиранд: «Онҳое, ки мақоми дуюмро ба даст меоранд, бо 45.000 сомонӣ ва варзишгароне, ки зинаи сеюмро касб мекунанд, бо маблағи 35.000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон аз намудҳои олимпӣ сазовори ҷойи аввал мегарданд, бо маблағи 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Мӯҳр