Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ доданд, рӯзи 13-уми январи соли равон: Мурод Тиллоеви 31 сола, Зафар Солиҳови 25 сола, Сафарбек Ҳоҷибекови 31 сола, Зоҳидҷон Ҷӯраеви 31 сола, Лазизҷон Худойназарови 30 сола, сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аснои як сониҳа ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ 21099, бо сабаби суръати баланди ҳаракат ва яхбандии роҳ, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автобуси мусофиркаши рӯ ба рӯ бармехӯрад. Мусофирони автобус осеб надидаанд.Ҷасадҳо, рӯзи 15-уми январ, бо хатсайри №646 (Москва-Хуҷанд) ба Ватан фиристода шуданд.
Ҳамчунин, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Алишер Ҳусайнови 21 сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак, ки дар муассисаи ислоҳотии №УШ382/1 вилояти Саратов адои ҷазо мекард, 6-уми январи соли равон, ба иллати сактаи дил аз дунё чашм пӯшид. Гуфтанист, Алишер Ҳусайнов санаи 14-уми августи соли 2010 барои содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 162 қонуни 1 ва қонуни 2-и кодекси ҷиноӣ Русия ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.
Мӯҳр
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |