Охири ҳафтаи гузашта, дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буркина Фасо баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, санади муштаракро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва намояндаи доимии он кишвар дар СММ Дер Когда имзо намуданд. Пас аз маросими имзо сафирони Тоҷикистону Буркина Фасо дар мавриди масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар ва масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ мубодилаи афкор доир карданд.
Мӯҳр