Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи кишвар ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои ВКХ, зимни нишаст масоили ҳамкориии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла раванди роҳандозии лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар самти рушди устувор меҳвари сӯҳбатро ташкил доданд.
Ҳамчунин, атрофи баргузории 5-умин конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) дар Душанбе моҳи марти соли ҷорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар рафти он ҷонибҳо мавзӯи мусоидати ҷониби БРСММ дар баргузории конфронсро баррасӣ намуданд.
Мӯҳр