Дар толори маҷлисгоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, намояндагони васоити ахбори умум таҳти раёсати райиси шаҳр Раҷҷаббой Каримов маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2011 муовини аввали райиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов муфассал ҳисобот дод. Қайд гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ назар ба нишондиҳандаҳои як соли қабл 19,8 фоиз афзуда, он дар маҷмӯъ 323,7 миллион сомониро ташкил дод. Барои таҷдиди техникӣ ва навсозии технологии корҳонаҳои саноатии қаламрави шаҳр беш аз 2 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷию дохилӣ равона карда шуд.
Гуфта мешавад, корхонаҳои саноатии шаҳр имкони ширкат дар намоишгоҳҳои байналхалқии дар Фаронса, Итолиё, Испания, Русия баргузоргардидаро дарёфтанд.
Ҳамзамон, дар нишасти мазкур аз захираҳои истифоданашуда, камбудию норасоиҳои ҷойдошда, имкониятҳои бартараф кардани онҳо низ ибрози назар карда шуд.
Мӯҳр