Гумонбаршуда дар сӯиқасди Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи «Чароғи рӯз», ки ахиран дар Маскав бо захми корд ба касалхона интиқол ёфта, ҷарроҳиро аз сар гузаронид, боздошт гардид.
Дар ин бора хабаргузории «Lenta.ru» бо истинод ба «Life News» иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расонаҳо, боздоштшуда Бахтиёр Раҳимбердиев буда, шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва ҳамагӣ 23 сол дорад. Гуфтанист, ин нафар бо далели шайъӣ аз сӯи кормандони раёсати ҷустуҷӯии шаҳри Маскав чанд соат қабл аз ин дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, даст доштани Раҳимбердиев дар сӯиқасд ҳанӯз рӯшан нашуда, пурсиши гумонбар давом дорад.
Мӯҳр