Бахшҳо

Дар Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигорро маҳкум менамоянд

«Сӯиқасд ба ҷони инсон ва озодии баён».


Тақрибан ба ҳамин маъно, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон (АФРӮЗ) ҳамла ба журналисти тоҷик Додоҷони Атовуллоро маҳкум карданд ва аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия хостаанд, ҳодиса ба таври дақиқ тафтиш шавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва корбарони шабакаи Фейсбук низ ин ҳамларо бо лаҳни шадид маҳкум кардаанд.
Ҳамзамон, Абдулқодири Алавӣ, шоир ва журналисти тоҷики муқими Маскав дар номааш навиштааст, хабари сӯйиқасд кардан бар ҷони Додоҷони Атоулло моро хеле нороҳат кард ва бояд гуфт, ки ин сӯйиқасд на танҳо бар ҷони Додоҷони Атоуллост, балки ин як навъе аз шикастани нерӯ, ғурур ва ҷавонмардии миллати ранҷида ва ғамдидаи тоҷик аст.Аз Худованди мутаъол шифои оҷилро ба бародари ниҳоят гиромӣ Додоҷони Атоулло таманно дорем».
Ёдрас менамоем,  ҳамла ба Додоҷони Атовулло шоми дирӯз- 12-уми январ дар яке аз тарабхонаҳои итолиёвии Маскав, ки бо номи «Виа-Ҷио» маъруф аст, рух дод.Тибқи иттилои   пизишкон журналисти тоҷик аз қафаси синааш захмӣ шудааст ва фарди ҳамлавар бо корд ин амалро анҷом додааст.     
Маврид ба ёдоварист, Додоҷони Атовулло (Атовуллоев) дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро дар Душанбе таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебард. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.Бори охир моҳи апрели соли гузашта, додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия боздошт ва истирдоди ӯро ба Душанбе талаб карда буданд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)