Ширкати «ТоҷИрон» тасмим гирифтааст фаъолияташро васеъ карда, ба истеҳсоли таҷҳизот шурӯъ кунад.
Тибқи иттилои вазорати энергетика ва саноат ин корхона дар сурати таъмин намудани барномаи фурӯши трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ, хати тавлиди кабинаҳои трактор, ядакҳои (тележка) тракторӣ, хирманкӯб, дорупошакҳои кимиёвӣ ва истеҳсоли қисмҳои асосии онҳоро ба роҳ мемонад. Феълан, ин ширкат 16 адад трактори тамғаи 285-4 WD-ро ба пуррагӣ банду баст намуда, 32 адад дастгоҳи (СКД)-и 4 WD дар Эрон дар ҳоли омодагӣ қарор доранд. Ҳамчунин, дар ин корхона 14 адад трактори банду бастшуда бо кабин ва 19 адад трактори бе кабин дар маҷмӯъ 32 адад дастгоҳ омодаи истифодабарист.
Мӯҳр