Ин нукта бе баҳс аст, ки роҳ андохтани фаъолияти донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба низоми омӯзиш ва парвариш кишвар ва омода намудани кадрҳо манфиати зиёде дорад.
Аммо оё фақат манфиат дорад? Оё зараре надоранд?
Сол то сол боз шудани намояндагӣ ё филиали донишгоҳҳои хориҷӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои муштараки кишварҳои дигар дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Феълан дар Тоҷикистон донишгоҳҳои муштараки Тоҷикистону Русия-Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия ва намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов расман фаъолият мекунанд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар соли таҳсили 2011-2012 намояндагии донишгоҳи дигар: донишгоҳи пӯлоду оҳан ва донишгоҳи энергетикии Русия дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ карданд.
Ҳамчунин ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо маблағгузори Бунёди Оғохон дар шаҳри Хоруғ, ки сохтмонаш идома дорад солҳои наздик дар назар дошта шудааст. Гузашта аз ин зимни як мусоҳиба бо ИмрӯзNews сафири Ҷумҳурии исломии Ирон Алиасғари Шеърдӯст гуфта буд, ки Ирон дар соли 2011 ба оғози сохтмони биноҳои ду донишгоҳ: донишгоҳи техникию технологӣ ва донишгоҳи умури сайёҳӣ расман шурӯъ мекунад. Ин иқдоми бозкушоии донишгоҳҳои Ирон дар Тоҷикистон дар дидори ахири Алии Лориҷонӣ роҳбари порлумони Эрон бо Президенти Тоҷикистон ва раиси порлумони Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.
Матни комили маводро аз ин нишонӣ пайдо мекунед:
https://www.ozodagon.com/ij/item/16122
Мӯҳр