Абдунабӣ Сатторзода, масъули Маркази Тадқиқоти Стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ин иттилоъ нодуруст аст: «Ӯзбакистон аслан ба ҳеч як кишвари минтақа равобити мӯътадил надорад.
Аз ҷумла бо Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ҳам мушкили муносибот дорад».
Доктор Сатторзода ин ҳарфҳоро зимни як нишасти матбуотӣ имрӯз (12-уми январи соли 2012) дар ҳузури хабарнигорони ватанӣ ва хориҷӣ иброз дошта афзуд, пас маълум мешавад ки «сардии равобити дуҷониба ба роҳбарони ду кишвар бастагӣ надорад». Номбурда илова кард, ки масъала омилҳои ҷиддӣ ва жарфтаре дорад. Ба қавли ӯ, Ӯзбакистон кишвари худхоҳ мебошад ва даъвои ҳукмронӣ дар минтақаро дорад, лекин хушбахтона ин тавр нест.
-Истиқлолу рушди Тоҷикистонро мутаасифона на ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба хубӣ ва хушӣ қабул доранд, онҳоро бештар бунёди нерӯгоҳи Роғун ба ташвиш овардааст, чунки пас аз эҳдоси он, таносуби қувваю мақом дар минтақа таъғир меёбад, аз ин рӯ ҳамсояи мо бештар нигаронӣ дорад,-афзуд Сатторзода.
Мӯҳр