Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд, бар асари баргузории амалиёте, ки аз чанд марҳила иборат буд, дар қаламрави шаҳри Душанбе ба гумони қочоқи маводи мухаддир микроавтобусе мавриди тафтиш қарор гирифт. Гуфтанист, нақлиёти мусофиркаш аз ҷониби як сокини 40-солаи Тоҷикистон идора мешуд.
Бино ба қавли манбаъ, аснои тафтиш бо кӯмаки саги хидматӣ-ҷустуҷӯйӣ “Нора” 196 бастаи пластилинии пресскардашудаи китобмонанд ва ду бастаи дигари дорои маводи зардранг бо рангу бӯи хос кашф ва мусодира гардид.
Ҳамчунин, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин 5 ҳазору 300 доллари ИМА пул низ пайдо гардид. Тибқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии агентӣ 100 кило аз маводҳои мусодирашуда воситаҳои нашъаовари ҳашиш буда, 1 килову 933 грамми онро ҳероин ташкил медод. Ҳар бастаи пластилинӣ бо мӯҳрҳо бо навиштаҳои хати арабӣ маҳкам карда шуда буданд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, вазни умумии маводи нашъадори мусодирашуда бештар аз 101 кило буд. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон бо мақсади фурӯш) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нашъаҷаллоб боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Чораҳои тафтишотии дигари шиносоии шахсони ба ин амал алоқамнд андешида мешаванд. Боздоштшударо ҷазоии ҷиноии аз 12 то 20 сол бо мусодираи молу амволаш интизор аст. Миқдори умумии мухаддироти мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” бештар аз 42 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, аммо дар сурати расидани он ба бозорҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои Аврупо ин арзиш ба маротиб баланд мерафт.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |