Ҳанӯз як сол муқаддам Маҳмадулло Сайдалиев, райиси ноҳияи Данғара эълон дошт, ки дар ҳудуди ноҳия бо кӯмаки сохтмончиёни Русия фурудгоҳи бузурги байналмиллалӣ бунёд мегардад.
Тибқи иттилоъ, сохтмони ин иншоот бояд худи ҳамон сол оғоз меёфт. Аммо бо гузашти 12 моҳ ҳанӯз ҳам корҳои сохтмонӣ ин ҷо сар нашудааст.
Исуфалӣ Шоев, муовини райиси ноҳия мегӯяд, барои сохтмони ин фурудгоҳ маблағи зиёде зарур аст, ки дар ҳоли ҳозир дар мавриди пайдо намудани он мушкил доранд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи манбаъ, ҳанӯз бо мутахассисони рус дар мавриди лоиҳаи иншоот ба мувофиқа нарасидаанд: «Мушкили дигаре, ки пешорӯ омадааст, ин роҳи оҳан мебошад. Тибқи лоиҳаи пешакӣ, майдоне, ки фурудгоҳ бунёд мешавад, роҳи оҳани қатора ба маркази ноҳия мегузарад. Барои барканор кардан ва дар дигар самт бунёд намудани он, низ мушкили сохтмон ва маблағи зиёд лозим аст».
Манбаъ афзуд, новобаста аз мушкилоти пешомада, фурудгоҳи байналмиллалӣ дар Данғара солҳои наздик бунёд хоҳад ёфт.
Мӯҳр