Кумиссияи минтақавии интихоботи вилояти Смоленск барои интихоботи такрории райисҷумҳури Русия даъватномаҳо фармойиш додааст.
Ин тадбири кумиссиюни минтақавӣ тадбири пешакӣ дар сурати муваффақ нашудани яке аз муддаиёни курсии райисҷумҳур ба дарёфти 50 дар сади орои мардум дар интихоботи санаи 4 марти соли 2012 будааст. Бино ба гуфтаи узви ин кумиссиюни минтақавӣ, Роман Романенков, моддаи 93 -и Қонуи федеролии Русия онҳоро вазифадор кардааст, то ба чунин кор даст зананд. Бино ба талаботи ин қонун иҷрогарон танҳо то 13 январи соли 2012 ҳақ доштаанд, барои иҷрои фармойиши таҳияи даъватнома дархост манзур созанд.
-Мо ба хотири эҳтиёт ин корро кардем, то пайи амалӣ шудани эҳтимолияти баргузории даври дуввуми интихоботи райисҷумҳур дар кори мо ишкол набошад. Фармойиш танҳо дар сурати аз сӯи Кумиссиюни марказии интихобот эълон гардидани даври дуввуми интихобот мавриди амал қарор хоҳад гирифт, -афзудааст Романенков.
Мӯҳр