Тибқи иттилои шўъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд, шумораи тавваллуд дар соли 2011 61.944 нафарро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ин нишондод нисбат ба соли 2010 2344 нафар кам шудааст. Бино ба қавли сарчашмаи хабар, шумораи вафот дар соли 2011 11564 нафар буда, нисбати соли 2010 486 нафар зиёд мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бастани ақди никоҳ дар соли 2011 24.623 адад ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 2568 адад камтар аст. Бекоркунии ақди никоҳ бошад, дар соли 2011 ба 2.976 адад расида, ки нисбат ба соли гузашта 232 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр