Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ҳамтои эронии худ- Алиакбари Солеҳиро ба ифтихори 20 солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар табрик кардааст.
Бино ба қавли дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон, дар номааш Зарифӣ навишт, боиси хушнудист, ки табрикоти самимонаи хешро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми шарифи Эрон аз самими қалб иброз намуда, ба мардуми бародар ва дӯсти Эрон пешрафту шукуфоиро таманно намоям.Пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангии мо аз муҳимтарин омилҳои рушду густариши босуръати муносибатҳои ду кишвари дӯст дар замони истиқлоли Тоҷикистон гардиданд. Ва ман бо камоли мамнуният зикр карданиям, ки равнақу нумуи ин муносибатҳо дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштараки мост.
Ёдрас менамоем, муносибати ду кишвари мустақил аз соли 1992 оғоз гардида, раҳбарони ду давлат чандин маротиба сафар кардаанд. Дар ин муддат беш аз 140 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро муайян месозад.
Мӯҳр