Райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии президенти Эрон, доктор Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии сарвари давлат иттилоъ доданд. Дар номаи Раҳмон аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, имрўз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд. Дар иртибот ба санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегўям».
Зимнан, ба муносиботи ҳасана ва судманд ишора карда президенти Тоҷикистон навиштааст, ки ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд.
Пас аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дўсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурўъ намуданд.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ мебошад.
Дар поёни номаи табрикотии президенти Тоҷикистон омадааст: «Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсту бародари Эрон - саодату хушрўзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».
Мӯҳр