Аснои баргузории амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ як шаҳрванди Русия дар шимоли мамлакат боздошт гардид.
Бино ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев сухангӯи ВКД, сокини шаҳри Борисоглебски вилояти Воронеж Виктор Радиловский, ки ҳамзамон директории фонди байналмилалии дастгирии ҳамватонон бо номи «Рус» даст ба қаллобӣ задаст. Номбурда, ба боварии Дилором Ҷӯраева, сокини шаҳри Чкалови вилояти Суғд даромада, барои дохил кардани фарзандаш- Шерозҷон Раупов ба донишгоҳи Русия 3000 доллари амрикоиро гирифта, ба эҳтиёҷоти худаш сарф кардааст.Тафтишоти ин қазия оғоз гардидааст.
Мӯҳр