Бахшҳо
03 май 2011 12:03Сиёсат

Вакилони мардумгурез ва ё телефонҳои «хомӯш»

Ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони мамлакат барои нашри рақами телефонҳои мобилии вакилони Маҷлиси Намояндагон иҷоза дода буд ва чанде аз расонаҳои чопӣ онро ба табъ расониданд.

Инак, интихобкунандагон «оҳи сабук»  кашиданд, яъне аз ин пас бо намояндаашон  мустақиман тамос гирифта, мушкилоташонро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо ин иқдом то куҷо амалӣ шуд ва кӣ онро сарфи назар кард, паҳлӯи дигари масъала аст.

Барои ҳамагон маълум аст, ки шумораи умумии вакилон дар МН ба 63 нафар мерасад, аммо рӯйхатеро, ки расонаҳо нашр намуданд, дар он рақами телефони ҳамроҳи 39 вакил дарҷ гардида буд. Аз миёни 39 вакили мобилдор бошад,  бархеяшон боз рақамҳои телефонҳои худро дигар намудаанду ба қавле «муштарии дастнорас» гардидаанд…

Баъд аз зӯхри дуюми май  ба раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН МО, Маҳмадалӣ Ватанов тамос гирифта, аз натиҷаи вохӯриҳояшон   бо интихобкунандаҳо ва аз  робитаи доштааш бо мардум пурсон шудам.Ватанов гуфт, мулоқоти аввалин дар соли равон хуб буд, инчунин интихобкунандагони ӯ, ки сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбеанд, мустақим метавонанд, бо ӯ робита пайдо намоянд. Чунки фосилаи ноҳияи Фирдавсӣ аз парлумон тулонӣ набуда, ниёз ба сӯҳбати телефонӣ ҳам нест. Намояндаи мардумӣ, Саодат Амиршоева низ дар сӯҳбати телефонӣ хотирнишон намуд, ки дари утоқи корияш ба рӯйи мардум ҳамеша боз буда,  мардумро мешунавад. Вале ба назари  ӯ на ҳамаи интихобкунанда салоҳияти вакилро медонад. Бархе аз онҳо хохишу дархостҳоеро аз мо менамояд, ки баҳри амалӣ намудани он мо оҷизем, чун иҷрои он наказ дар ваколати мо нест, афзуд бону Амиршоева.

Галия Рабиева, як вакилбонуи дигар дар мавриди сӯҳбати телефонӣ доштанаш ва гӯш кардани арзу шикояти интихобкунандагонаш гуфт, ба таври мудавом бо онҳо робита дорам ва интихобкунандагонам аз мушкилоти худ ҳарф мезананд. «Як маъюби гурӯҳи якум, ки мағоза сохта истодааст, қаблан тамос гирифта машварат хост ва ҳамеша ӯ занг мезанад, ба ин монанд мисолҳо зиёданд», илова кард Рабиева.

Аммо метавон гуфт, ки  ҳама  вакилон сӯҳбати телефониро бо интихобкунандаҳо хуш доранд?! Аз Хадича Ҳакимова дар мавриди вохӯриҳо ва робитаи шифоҳии интихобкунандаҳо пурсон шудем, «ба ман хаттӣ нависед»,-гуфта гуширо гузошт. Баъд аз ин гуна муносибат, кадом интихобкунанда бо вакилаш тамос мегирад?

Дар рӯйхате, ки рақами телефони мобилии 39 вакил сабт гардидааст, телефони Марҳабо Ҷабборова, Маҳмадамин Ҳисориев, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Маҳмадраҳим Каримов, Абдуҷалол Салимов мутаасифона қарздор ва телефони   ҳамроҳи ду вакили дигар хомӯшанд. Яъне аз 39 вакили мобилдор ҳамагӣ ба 31 вакил тамос пайдо кардан мумкин аст, ки дар умум (аз миёни 63 вакил) ба 50, 7%-и онҳо дастрасӣ тавассути телефон имкон дорад. Бовар карданӣ нест, ки баъд аз аз бепул мондани тавозуни (баланси) телефонҳои ҳамроҳи М.Ҷабборова, М. Ҳисориев, М. Кабирӣ, Ш. Шабдолов, М.Каримов, А. Салимов онҳо дигар бо худ телефон намегардонанд.

Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар ин рӯйхат шумораи телефони ҳамроҳи яке аз муовинони раиси МН МО-ро пайдо кардан ғайри имкон аст: на аз Амиршо Миралиев,  Назира Ғаффорова ва на аз Мирганд Шабозовро.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва вакилон Насрулло Маҳмудов, Домуллоҷон Ҷабборов, Мунаввара Кенҷаева, Сайиди Ёқубзод, Рустам Латипов, Маҳмадшариф Ҳақдодов, Хайринисо Юсуфӣ,  Махсуда Самадова, Акрамшо Фелалиев, Амир Каттаев, Нурулло Оқилов, Азизмат Имомов, Убайдулло Давлатов, Саттор Холов, Амирхон Сафаров, Нoдира Турдиматова, Мусоябшо Назриев, Бег Қурбонов, Эшбурӣ Эсанқулов, Абдуҷалол Салимов, Шакарбек Самадов, Амирбек Махмадалиев, Нарзулло Ҷонов,   Абдузафар Иномов, Бибидавлат Авзалшоева ва Баракатулло Атохоҷа дар ҳоли ҳозир телефон надоранд ва ё намехоҳанд рақамҳои телефонашонро интихобкунандагон донанд?...

С. Халил

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)