Сарбории анъанавии шабакаҳои мобилӣ асосан дар рӯзҳои ҷашнӣ афзоиш меёбад.
Бино ба як таҳқиқоти анҷомёфта, дар арафаи чунин рӯзҳо миқдори зангҳо, паёмакҳо (SMS) ва MMS-ҳо ба маротиб зиёд мешавад, ки барои операторони алоқаи кандуӣ ба санҷиши махсус мубадал мешавад.
Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ зангҳи воридотӣ дар шабакаи "МегаФон" тақрибан шаш миллион сабт шудааст. Миқдори SMS-ҳо бошад ба нишонаи рекордӣ, тақрибан се миллион расид. Барои шабакаи 3G шаби соли нав "санҷиш барои устуворӣ" буд - ҳаҷми трафик зиёда аз якуним миллион МВ –ро ташкил дод.
Хадамоти матбуотии «МегаФон» мегӯяд, зангҳои овозӣ тақрибан ба 4 миллион расиданд. Дар тӯли соли 2011 бошад, дар шабака васеъгардонии зарурии каналҳои алоқа амалӣ шуда, захираи ҳамаи пайвандҳои асосӣ ва шоҳроҳи алоқа, инчунин системаи тартиби таъминоти барқии коммутаторҳо ва истгоҳҳои базавӣ аз назар гузаронда шуд.
Мӯҳр