Ба худкушӣ ва сўиқасд ба ҷони хеш даст задани инсонҳо яке аз масоили доғи рўз ба ҳисоб меравад.
Тайи соли 2011 шумораи умумии ба ин ҳодиса дастзадагон дар вилояти Суғд 235 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 74 адад кам аст. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, аз ҷумла миёни занону духтарон 125 нафар ба ин ҳодиса даст зада, аз ин шумора 24 нафарашонро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ин рақам дар қиёс ба як соли қабл 17 ҳодиса камтар буда, байни духтарони ноболиғ баръакс 3 ҳодиса зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр