Додгоҳи ноҳияи Нижегородскии шаҳри Нижний Новгород ширкаткунандаи ҳамойиши эътирозии "Стратегия-31" Юрий Староверов бегуноҳ донист.
Номбурдаро, ки барои оташ задани сурати Владимир Путин, сарвазири Русия аз сӯи додгоҳи ҳакамӣ ҷарима шуда буд, аз боздоштгоҳ раҳо кардаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ҳизби сабтиномнашудаи “Русияи дигар” хабар медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Юрий Староверов моҳи октябри соли гузашта бо нишони эътироз портрети Владимир Путинро намойишкорона оташ зада буд.
Баррасии парванда дар бораи қонуншикании маъмурӣ дар қиболи Юрий Староверов бинобар набудани таркиби ҷиноят қатъ шуд, иқтибос меорад, манбаъ.
Мӯҳр