Ин нуктаро Зафар Азизов, райиси Шӯрои адлия зимни як ҳамоише, ки дирӯз баргузор гардид, қайд намуд. Ба қавли номбурда, ин нишондод нисбат ба ҳисоботҳои қаблӣ 22 ҳазору 159 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, райиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ин паҳлӯи масъала иброз дошт, ки арзу шикояти шаҳрвандон дар соли 2011 нисбати нишондодҳои як соли қабл 100 адад афзоиш ёфтаанд. Зафар Азизов, дар посух ба саволи хабаргузории «Озодагон» дар мавриди афзоиши арзу шикоятҳои мардум гуфт, ин ба болоравии фарҳанги ҳуқуқии онҳо рабт дорад. Ӯ гуфт, дар соли гузашта, нисбати солҳои пешин дар Тоҷикистон нақзи ҳуқуқи инсон кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ташкилотҳои байналмиллалӣ ва коршиносон борҳо аз нақзи ҳуқуқи инсон садо баланд карда буданд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |