Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сабаб шуд, ки 2000 хонанда ба мактаб ва таълиму тадрис ҷалб гарданд.
Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт. Бино ба гуфти ӯ,санади мазкур дар таълиму тарбияи насли наврас қонуни миллӣ ва сарнавиштсоз мебошад ва имкониятҳои зиёдеро барои тағйири сатҳи фарҳангию маърифатии насли наврас дорад.
Вазири маориф ҳамчунин гуфт: «Имрӯз аз рӯи маълумоти расмие, ки мо дорем 865 нафар хонанда дар саросари Тоҷикистон аз мактаб дур монданд, аз онҳо 510 нафарашон духтар мебошад. Мо барои ҳалли ин мушкил дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ чорабаиниҳои мушаххас мегузаронем».
Раҳмонов ба ин нукта ишора карда мегӯяд, духтарон дар зинаи сеюми таълим бояд бештар ба таҳсил фаро гирифта шаванд, зеро онҳо модарони оянда ҳастанд ва фарзанд тарбия хоҳанд кард.
Тибқи иттилои ахири расмӣ, ки СММ интишор кардааст, Тоҷикистон дар ҷадвали фарогирии таълим дар мавқеи 123 ва Афғонистон дар ҷои 173-юм қарор доранд.
Мӯҳр