Ин нуктаро Зафар Азизов, райиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён кард. Ба иттилои номбурда онҳое ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, ки дар тероризм, куштор ва таҷовуз ба номус муттаҳам шудаанд. Зафар Азизов ҳамчунин афзуд, тайи 12 моҳи соли 2011 дар кишвар ягон ҳолати иҷрои ҳукми қатл ба қайд гирифта нашудааст: «Масъалаи ҳукми қатлро ҳоло гурӯҳи махсуси корӣ дида баромада истодаанд ва шояд дар соли 2012 ин гурӯҳ роҷеъ ба ин масъала хулосаи худро пешниҳод намоянд». Ба қавли райиси Шӯрои адлия дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки ҷонибдори боқӣ мондани ҷазои ҳукми қатланд. Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон нисбат ба ҳукми қатл маратория эълон шуда буд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |